Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 65 нафар дар суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон


Сухангӯи фурудгоҳи Манас ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳавопаймои "Боинг-737", мутааллиқ ба ширкати хусусии ҳавонавардии "Итек-эйр", лаҳзае баъд аз канда шуданаш аз замин аз мушкили фаннӣ хабар дод ва суқут кард. Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, Елена Баялинова гуфт, бар асари ин фалокат 65 сарнишини ҳавопаймо кушта, 22 тан захмӣ ва 3 тан бенишон шудаанд. Пештар сухангӯи фурудгоҳи Манас гуфта буд, ҳавопаймо, ки мебоист ба шаҳри Машҳади Эрон парвоз кунад, 123 сарнишин дошт. Аммо вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Қамчибек Ташиев гуфтааст, ҳавопаймо 90 сарнишин дошт. Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳавонавардии Қирғизистон хабар дод, ки 25 нафар аз сарнишинони ҳавопаймо зинда мондаанд. Бештар онҳое ба ҳалокат расидаанд, ки дар курсиҳои миёнаҷои ҳавопаймо менишастанд.
XS
SM
MD
LG