Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон марзи худ бо ҳамсоягонашро бастааст


Шералӣ Мирзо, фармондеҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба хабаргузориҳо гуфтааст, мақомоти Душанбе марзҳои худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Афғонистонро бастаанд. Ба гуфтаи вай, бастани марз рӯзи якшанбе дар иртибот ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), ки рӯзи 28-уми август шурӯъ мешавад, сурат гирифтааст. Шералӣ Мирзо афзудааст, ба ҷуз аз бастани марз, дар “нуқтаи доғ”-и сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Панҷ посгоҳҳои иловагӣ боз шудаанд.
XS
SM
MD
LG