Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Чин озодии 8 шаҳрванди кишварашро талаб кард


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Чин гуфтааст, мақомоти ин кишвар бояд ба ҳуқуқи башар ва озодии баёни андеша эҳтиром гузорад. Ба қавли вай, Амрико нигарон аст, ки Чин ҳатто имкони боз будан ва таҳаммулпазирии худро дар ҷараёни Бозиҳои олимпӣ дар Пекин натавонист истифода кунад. Кларк Рэндт, сафири Амрико дар Чин, бо ишора ба ин нукта, хостори раҳоии ҳарчи зуди ҳашт шаҳрванди кишвараш аз дасти маъмурони амниятии Чин шуд. Ҳафтаи гузашта ҳашт шаҳрванди Амрико дар ҷараёни Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Пекин, ҳангоми ширкат дар тазоҳуроте барои мустақилияти Тибет, боздошт шуданд. Дар посух ба ин, мақомоти Чин гуфтаанд, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Амрикоро дар идомаи 10 рӯз раҳо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG