Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон: 10 шӯришгари Толибон кушта шуданд


Раҳимуллоҳ Сафӣ, муовини раиси вилояти Каписа, дар шимолу ғарби Афғонистон, гуфт, ки Эътилофи нерӯҳои байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар бархӯрд бо Толибон 6 шӯришгарро куштаанд. Ба гуфтаи вай, ин даргирӣ пас аз он ки шӯришгарон болои посдорон дар водии Тагоб ҳамла кардаанд, рух додааст. Имрӯз фармондеҳи аршади НАТО низ иттилоъ дод, ки низомиёни ин созмон дар ҷануби вилояти Ҳилманд 4 шӯришгари Толибонро куштаанд.
XS
SM
MD
LG