Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии низомии Амрико вориди бандари Батуми шуд


Нахустин киштии низомии Амрико рӯзи якшанбе вориди бандари Батумии Гурҷистон шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ин киштӣ ҳомили кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумлаи оби ошомиданӣ ва ғизо барои даҳҳо ҳазор оворагони гурҷӣ аст, ки дар пайи даргириҳои оғозшуда дар рӯзи ҳафтуми август миёни Гурҷистон ва Русия манозили зисти худро тарк кардаанд. Бандари Батуми, воқеъ дар каронаи Дарёи Сиёҳ, дар 80 километрии бандари Потӣ қарор дорад, ки тавассути нерӯҳои низомии Русия тасарруф шудааст. Қарор аст, ду киштии низомии дигари Амрико кӯмакҳои башардӯстонаро ба Гурҷистон бирасонанд.
XS
SM
MD
LG