Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КБО: Дар Пекин ҳама чиз “олӣ” набуд


Президенти Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ Жак Рогге бо дифоъ аз баргузории бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин гуфт, ин бозиҳо муҷиби тафоҳуми бештар миёни Чин ва соири кишварҳо шудааст. Бо ин ҳол, вай таъкид кард, ки “ҳама чиз” дар замони баргузории олимпӣ дар Пекин “комил” набуд. Аммо Жак Рогге гуфт, Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ наметавонист иҷборан дар як кишвар тағйирот эҷод кунад. Фаъолони ҳуқуқи башар бештар аз Кумитаи байнулмилалии олимпӣ интиқод кардаанд, ки ба давлати Чин барои риъояти ҳуқуқи башар фишор наёвардааст.
XS
SM
MD
LG