Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Ҳинд дар Кашмир қуюди шабгардӣ ҷорӣ карданд


Давлати Ҳинд барои пешгирӣ аз бурузи нооромиҳои эҳтимолӣ дар Кашмир ҳазорҳо тан аз нерӯҳои амниятияшро барои иҷрои қуюди шабгардӣ дар ин минтақа мустақар кардааст. Гурӯҳҳои ҷудоихоҳи мусулмон дар минтақаи Кашмир, ки хоҳони поёни ҳукуматдории Ҳинд дар ин минтақа ҳастанд, рӯзи шанбе гуруснанишинии умумӣ эълом карданд ва гуфтанд, ки рӯзи душанбе (25 август) дар шаҳри Шриногор, яке аз шаҳрҳои бузурги минтақаи Кашмири Ҳинд, роҳпаймоӣ хоҳанд кард. Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар ҷараёни табодули оташ миёни нерӯҳои амниятии Ҳинд ва шибҳанизомиёни ҷудоихоҳ рӯзи ҷумъа дар наздикии марзи Покистон 15 тан, аз ҷумла се маъмури амниятии Ҳинд ва 12 шибҳанизомии ҷудоихоҳ, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG