Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳамлаҳои нажодпарастона дар Маскав


Дафтари ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Маскав мегӯяд, танҳо дар 7 моҳи гузаштаи соли равон наздик ба 200 ҳамлаи нажодпарастона дар он кишвар ба вуқӯъ пайвастааст. Александр Брод, мудири ин дафтар рӯзи шанбе гуфт, ин ҳамлаҳои нажодпарастона дар 85 маврид мунҷар ба марг шуда ва беш аз 230 нафар то кунун дар ин ҳамалот захмӣ гардидаанд. Ба гуфтаи мудири Дафтари ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Маскав, маъмулан муҳоҷирони Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳадафи ҳамлаҳои нажодпарастона қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG