Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиф Алӣ Зардорӣ - номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Покистон


Як мақоми олирутбаи Ҳизби мардумии Покистон гуфт, ки Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳамсари Беназир Беҳутто, нахуствазири собиқи Покистон, барои ҳузур дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шудааст. Ҳизби мардумии Покистон, ки феълан зимоми давлатро дар даст дорад, вобаста ба Беназир Бҳутто, нахуставазири собиқи ин кишвар аст, ки дар зимистони гузашта дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Покистон қарор аст, баъд аз ду ҳафтаи дигар барои таъйини ҷойнишини Парвиз Мушарраф баргузор шавад. Парвзиз Мушарраф рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Покистон аз мақоми раёсатҷумҳурӣ истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG