Пайвандҳои дастрасӣ

НАНСМИТ: Дастрасӣ ба иттилоъ мушкилтар шудааст


Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар баёнияи тозаи худ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки ҳанӯз ҳам роҳбарони дафтарҳои матбуотии вазоратхонаҳои кишвар бидуни иҷозаи шахси аввал наметавонанд иттилоъро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузоранд. Дар баёнияи НАНСМИТ гуфта шудааст, ки акнун рӯзноманигоронро зарур аст, қабл аз дидору гуфтугӯ бо намояндагони вазоратхонаҳо, суолоти худро барои онҳо дар шакли катбӣ фиристанд ва баъдан метавонанд посухи он суолҳоро дарёфт намоянд. Хотирнишон мекунем, ки дар рӯзи 9-уми август барои хотири беҳбуд бахшидан ба ҳамкории миёни рӯзноманигорон ва раҳбарони марказҳои матбуотии вазоратхонаву идораҳои давлатӣ як ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Аммо, ба қавли таҳлилгарони НАНСМИТ, таҷриба нишон медиҳад, ки ниҳодҳои давлатӣ, баръакс, дастрасӣ ба иттилоъро мушкилтар кардаанд.
XS
SM
MD
LG