Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари пазируфта нашудани Русия ба узвияти СҶТ


Вазири тиҷорати Амрико дар гуфтугӯ бо нашрияи олмонии Шпигел таъкид кардааст, ки дархости Русия барои пайвастан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ба хотири амалиёти низомии ин кишвар дар Гурҷистон, таҳти суол қарор хоҳад дошт. Карлос Гутеррес, вазири тиҷорати Амрико, афзуд “Русия бо ин иқдомаш худро дар вазъияти бениҳоят душвор қарор медиҳад”. Ба гуфтаи вай, ҳатто пеш аз ин даргириҳои ахир Гурҷистон Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро аз анҷоми музокироти ҷиддӣ барои вуруди Русия ба ин созмон боздошта буд. Иллати ин амр ҳимояти Русия аз манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон арзёбӣ мешуд. Тибқи қавонини Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кишварҳои доватлааби пайвастан ба узвияти ин созмон бояд ризоияти ҳар 153 узви онро ба даст оварад. Русия дар миёни кишварҳое, ки ҳанӯз ба узвияти ин созмон напайвастаанд, бузургтарин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG