Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ Барак Обама сенатори 65-сола Ҷо Байденро ноиби ояндаи худ баргузидааст.

Ин хабарро миллионҳо ҷонибдорони Ҳизби демократ тариқи SMS ва е-мейли кӯтоҳ дастрас намуданд. Вале ин иттилоъро саҳифаи интернетии Барак Обама замоне нашр кард, ки дар бораи чунин интихоб расонаҳои амрикоӣ гузоришҳо доданд. Интихоби Обама, қарор аст, ҳафтаи оянда дар ҳамоиши Ҳизби демократ дар Денвер баррасӣ шавад.

Ҷо Байдени 65-сола, ки аз собиқадорони Маҷлиси Амрикост, ба муддати се даҳа узви ин ниҳод будааст ва назароти ӯ, ба вижа, дар масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ боаҳамият талаққӣ мешавад. Дар баёнияе, ки саҳифаи интернетии Барак Обама нашр кардааст, ҳамчунин навишта мешавад, ки Ҷо Байден таҷрибае умда дар сиёсати хориҷӣ, собиқае чашмгир дар ҳамкориҳои миёни ҳизбӣ, як хати машши қотеъ дар анҷоми умурро ба армуғон хоҳад овард”.

Ҳарчанд оқои Байден дар соли 2002 хулосаи Конгресс дар бораи истифода аз нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқро пуштибонӣ карда буд, феълан ба яке аз мухолифони ҷанг дар Ироқ табдил ёфтааст ва раиси ҷумҳури кунунӣ Ҷорҷ Даблю Бушро дар ин кор муттаҳам медонад. Ҷо Байден ҳамеша дар бораи Эрону Ироқ ва, ба монанди ин, мушкилиҳои аслии сиёсати хориҷии Амрико сухан гуфта, аз таҳдиди силоҳи ҳастаии Покистон, ки дар ин авохир дубора ба мушкили доғ табдил мешавад, ҳушдор додааст.

Вай дар моҳи октябри соли гузашта дар як ҳамоиши демократҳо чунин гуфта буд: “Тамоми кореро, ки аз дастам меояд, мекунам, то Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ нашавад. Ҳич вақт ин мавзӯъро аз мадди назар дур нахоҳам кард. Бузургтарин таҳдид барои Амркио чист? 2,6 килограм ураниюми дар сатҳи баланд ғанисозишуда дар Теҳрон ё Покистони аз зери назорат хориҷшуда? Ин пӯшида нест”.

Дар посух ба ин ҳама сухангӯйи ширкати таблиғотии Ҷон Маккейн, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, гуфтааст, интихоби Ҷо Байден аз сӯйи Барак Обама нишонаи “камтаҷрибагии ӯ дар сиёсати хориҷист” ва ӯ омода нест, ки раисҷумҳур бошад”.

Эҳтимолан Ҷон Маккейн, рақиби Барак Обама дар тохтутозҳои интихоботии Амрико, низ ноиби худро дар ҳафтаи оянда муаррифӣ кунад. Гумон меравад, сенатор Маккейн исми муовини худро дар рӯзи 29-уми август эълом кунад, ки баробар бо рӯзи 72 - солагии ӯ ва ҳам як рӯз пас аз поёни ҳамоиши Ҳизби демократ аст.

XS
SM
MD
LG