Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ағлаби коршиносони қазоқ бар инанд, ки Русия бо вуруди нерӯҳояш ба Гурҷистон обрӯи худро дар паҳнои ИДМ костааст.

Зеро, ба гуфтаи Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси Пажӯҳишгоҳи пажӯҳишҳои миллии Қазоқистон, то ин вақт кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия чун ба кишвари таъминкунандаи субот ва оромиш дар маҳдудаи собиқ Шӯравӣ назар мекарданд. Вале чун ҳама амали ахири Русия хилофи ҳама гуна меъёрҳои байнулмилалӣ буд, аз ин хотир кишварҳои Иттиҳод аз ин бархурди ғайримунтазираи Маскав алайҳи Гурҷистон ҳайратзада ва ҳатто карахт гардиданд.

Ба андешаи коршиноси қазоқ, Русия бояд ба Гурҷистони мустақилу соҳибистиқлол нерӯҳои хешро ворид намекард ва сониян ин кишвар ба чунин иқдоми нодуруст бидуни мувофиқаи Шӯрои федератсиюни кишвар ва ё Маҷлиси болоии парлумон даст зад, ки ин гоми зиддиконститутсионист. Ба гуфтаи оқои Нурмуҳаммадов, аз ин хотир чунин амалҳои Русия ҳангоми ин низоъ, бешубҳа, дар байни сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ як нав сардиву бегонагӣ ва адами тафоҳумро нисбати Русия ба бор овард ва ин ба назари коршинос комилан табиист.

Чунин нуктаро сиёсатшиноси дигари қазоқ Айдос Саримов, раиси Сандуқи ба номи Олтинбек Сарсенбоев, низ ҷонибдорӣ мекунад. Ба таъкиди вай, барои чунин низоъро доман задан, ки оқибаташ ҷанги ду кишвар гардид, қабл аз ҳама, худи Русия гунаҳкор аст. Вале ба андешаи Айдос Саримов, «сиёсати Русия ва амалкарди он дар Гурҷистон гоми огоҳонаест, на тасмими тасодуфӣ ва ман бовар дорам, ки ин низоъ махсус барангехта шуда ва ба он кайҳо омодагӣ гирифта буданд. Режими Русия режими ниммофиозии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро сармоягузорӣ карда буд ва ҳамаи ин комилан таъйид гардида. Ин кишвар таи солҳои тӯлонӣ оташи таҷзияталабии мардумро дар Қафқоз доман мезад».

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, ҳамагон медонанд, ки ҳам ҳудуди Абхозистон ва ҳам Осетияи Ҷанубӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ маҳдудаи Гурҷистонанд. Он гуфтаҳои Маскав, ки гӯё дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон шаҳрвандони Русия ба сар мебаранд, воқеият надоранд. Зеро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Русия ҷиҳати нигоҳ доштани нуфӯзи хеш дар минтақаи Қафқоз ба таври ғайриқонунӣ ба ағлаби шаҳрвандони ин минтақаҳои ҷудоихоҳ шиносномаҳои русӣ дод ва гӯё онҳоро шаҳрванди хеш сохт ва дар натиҷа чунин бархурди Русия боиси низоъ дар минтақа гардид.

Ба андешаи оқои Нурмуҳаммадов, «баъди ин низоъ нақши Русия дар Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад ва муносиботи кишварҳои минтақа ба созмонҳои байнулмилалие, ки дар онҳо Русия нақш дорад, дигар хоҳад шуд ва шояд сарварони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаи ширкати хеш дар ин иттиҳод ва созмони иқтисодии Авруосиё ва Созмони амнияти дастиҷамъӣ таҷдиди назар мекунанд».

Айдос Саримов бошад бар ин аст, ки баъди ба хоки Гурҷистон нерӯ ворид кардани Русия акнун сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба таҳлука афтоданд, ки мабодо рӯзе сарнавишти гурҷиҳо ба сари онҳо низ наояд ва Русия бо онон низ чунин бархурд накунад. Оқои Саримов мегӯяд, «рӯйдоди Гурҷистон нишон дод, ки Русия метавонад алайҳи ҳар як кишвари ИДМ аз зӯр кор гирад. Ин комилан рӯшан гардид. Ин воқеъан хатари бузургест. Ба андешаи ман, бисёр кишварҳо ва хубрагони онҳо ба таври зарурӣ аз ин хулоса хоҳанд баровард ва онҳо бояд ба таври ҷиддӣ сиёсати хориҷӣ ва барномаҳои ҳарбии хешро таҷдиди назар намоянд».

Ба андешаи ҳамсӯҳбатони мо, ин низоъ дар навбати аввал барои минбаъд аз байн рафтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сабаб гардад, аз сӯи дигар чунин бархурди нобоваронаи кишварҳо дар оянда имкон дорад Русияро дар арсаи байнулмилалӣ яккаву танҳо ва бемуттафиқ гузорад. Вале ба андешаи сиёсатшинос Досим Сатпаев, Русия наметавонад дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун дар Гурҷистон амал намояд. Агар дар мавриди шаҳрвандони Русия дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушкилот ба вуҷуд ояд, ин кишвар барои ҳимояи онон наметавонад нерӯҳои хешро истифода намояд ва аз тадобири дипломатӣ кор мегирад.

То замони низоъ дар Қафқоз ағлаби кишварҳои минтақа, ба вижа Қазоқистон, ба сиёсати бисёрсамтӣ аввалият медоданд ва онҳо мехостанд, ки бо ҳама абарқудратҳо муносиботи нек дошта бошанд. Вале ба таъкиди оқои Нурмуҳаммадов, акнун давраи ин сиёсат гузашта ва бояд ҳукуматҳои минтақа, ба вижа Қазоқистон, роҳи наверо пайдо намоянд. Зеро сиёсати бисёрсамтии хориҷӣ, ба гуфтаи коршинос, бештар ба зарари худи кишварҳои минтақа тамом мешуд. Вале ба хотири ин ки дар минтақа як навъ тавозуни нерӯҳо ба миён ояд ва чун дар Гурҷистон Русия даст ба таҷовуз назанад, бояд чораҳо андешид.

Айдос Саримов бошад, таъкид мекунад, ки дар ин роҳ кишварҳои минтақа қабл аз ҳама барои тақвияти қобилияти дифоъии хеш талош кунанд ва аз сӯи дигар, бояд сӯи Ғарб ва қабл аз ҳама сӯи Иттиҳоди Аврупо майл намоянд. Сиёсатшинос иброз медорад, «кишварҳои минтақа мукаллафанд, ки муносиботи баробар ва боэътимодро бо Ғарб ва қабл аз ҳама бо Паймони атлантикаи Шимолӣ ба роҳ монанд. Зеро дар паҳлӯи хеш чун Русия ҳамсоя доштан барои онҳо басо хатарнок ва зараровар аст».

Айдос Саримов афзуд, он кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳудуди хеш нерӯҳои маҳдуди Русияро доранд, ё барои аз кишвар берун кардани он мекӯшанд ва ё нерӯҳои алтернативии хориҷиро дар паҳлӯи нерӯҳои Русия ҷой хоҳанд дод. Аз ин хотир, ба таъкиди сиёсатшинос пойгоҳи низомии Ганси воқеъ дар Қирғизистон на танҳо ба бардавом боқӣ мемонад, балки баъзе дигар кишварҳои минтақа низ барои дифоъи хеш аз хатарҳои эҳтимолии Русия имкон дорад рӯ ба кишварҳои Ғарб оваранд.

Вале Бурихон Нурмуҳаммадов, раиси Пажӯҳишгоҳи пажӯҳишҳои стротежии Қазоқистон, таъкид мекунад, ки бояд кишварҳои минтақа барои ҳимояи хеш, қабл аз ҳама, ба нерӯҳояшон такя кунанд ва онҳо бояд муносиботи байниҳамдигариро беҳтар созанд. Ба андешаи оқои Нурмуҳаммадов, рӯйдодҳои Гурҷистон ва муносиботи Маскав бо минтақаҳои ҷудоихоҳ рӯшан сохт, ки бояд кишварҳои минтақа ба мушкилоти мавҷудаи хеш бодиққат назар кунанд ва барои ҳалли онҳо ба таври дастиҷамъӣ, бидуни ширкати кишварҳои бегона, талош намоянд. Зеро Русия аз мушкилоти мавҷудаи минтақа метавонад истифода намояд ва чун дар Гурҷистон дар ин ҷо низ оташи низоъро доман занад. Зеро ба таъкиди оқои Нурмуҳаммадов «адами дастгирии қавию густурдаи Русия аз сарварони манотиқи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, дар ин ҷойҳо низоъ то бад-ин дараҷа намерасид».

Оқои Нурмуҳаммадов мегӯяд, Бжезинский дар китоби «Тахтаи шоҳмот»-и хеш Осиёи Марказиро минтақаи басо пурихтилоф хондааст ва аз ин ихтилофу зиддиятҳои дохилӣ ва мушкилоти мавҷудаи ин кишварҳо абарқудратҳо мисли Русия, Чин ва ИМА истифода карда метавонанд. Аз ин лиҳоз, дар минтақа бояд ниҳодҳои зарурии мубориза алайҳи чунин мушкилот ва бартараф кардани онҳо ба вуҷуд оварда шаванд. Алъон бошад ҳама созмону ниҳодҳо дар минтақа бо ширкат ва нуфузи ё Русия ва Чин арзи вуҷуд кардаанд. Вале ниҳодҳо ва механизмҳои зарурии дохили бидуни таъсири абарқудратҳо дар минтақа мавҷуд нест.

Арзи вуҷуд кардани чунин ниҳод, ба андешаи сиёсатшинос Бӯрихон Нурмуҳаммадов, аз як сӯ барои ошкор ва ҳал кардани мушкилоти мавҷудаи минтақа мусоидат намояд, аз сӯи дигар, намегузорад, ки абарқудратҳо бо истифодаи нуқтаҳои заъф дар ин кишварҳо даст ба ҳар гуна бозиҳои сиёсӣ ва ҳатто барафрӯхтани оташи ҷанг зананд.

XS
SM
MD
LG