Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамлаи ҳавоии Нерӯҳои эътилофро маҳкум кард


Имрӯз раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрикоро башиддат маҳкум кард. Давлати Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамлаи ҳавоӣ ҳудуди 80 мардуми ғайринизомӣ, ки бештари онҳо занону кӯдакон будаанд, кушта шудаанд. Ин ҳамла рӯзи панҷшанбе дар минтақаи Шиндонд дар вилояти Ҳирот рух дод. Нерӯҳои эътилоф гуфтаанд, ки дар ин бора таҳқиқеро анҷом хоҳанд дод. Аммо артиши Амрико мегӯяд, дар ин ҳамла, ки бо ҳадафи саркӯб кардани Толибон сурат гирифтааст, танҳо шибҳанизомиёни Толибон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG