Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО ҷангҷӯёнро дар Покистон тирборон кард


Нерӯҳои паймони НАТО дар ҳамоҳангӣ бо низомиёни Покистон болои ҷангҷӯён дар хоки Покистон оташ кушоданд. Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯён ҳамла болои пойгоҳи сарбозони нерӯҳои кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) дар шарқи Афғонистонро тарҳрезӣ мекарданд.
Дар изҳороти ISAF омадааст, ки рӯзи панҷшанбе ошӯбгарон ташхис шуданд ва онҳоро аз хоки Афғонистон ҳадафи оташи тӯпхона қарор доданд. Мансабдорони афғон борҳо ҳукумати Покистонро бо муқовимати заиф ба ҷангҷӯён муттаҳам намуда, иддао кардаанд, ки ҷангҷӯён дар хоки Покистон паноҳгоҳ доранд.
XS
SM
MD
LG