Пайвандҳои дастрасӣ

Се филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи «Авруосиё»


Ҷашнвораи 5-уми синамои «Авруосиё» аз 7 то 13 сентябр дар Остона баргузор мегардад. Се филми тоҷикӣ низ дар он ширкат хоҳанд кард.

Ин нуктаро Гулнора Абикеева -- раиси эҷодии ҷашнвора баъди анҷоми маъракаи интихоби филмҳо ба ҷашнвора баён намуд. Ба гуфтаи хонум Абикеева, барои ширкат дар ин озмуни ҳунар филмбардорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ беш аз 70 филми пурраву кӯтоҳи бадеӣ пешниҳод карданд ва аз онҳо 11 филми бадеии пурра ва 15 филми кӯтоҳ баргузида шуданд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон ба ҷашнвора 3 филми пурраи бадеӣ ва 3 филми бадеии кӯтоҳ пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи раиси эҷодии ҷашнвораи филмҳои «Авруосиё», филми коргардони тоҷик Юнус Юнусов бо номи «Зистан мехоҳам» дар қатори филмҳои пурраи бадеӣ ба озмун роҳ ёфт ва хонум Абикеева аз ин филм чун асари басо ҷолиб ва пурарзиши ҳунарӣ ситоиш кард. Дар ин бахши ҷашнвора чаҳортоӣ филмҳои коргардонҳои қазоқу ӯзбак ва як ададӣ осори ҳунарии филмофарони туркману қирғиз низ ба озмун гузошта шудаанд.

Дар озмуни филмҳои бадеии кӯтоҳ ду филми коргардонҳои тоҷик ширкат мекунанд, ки онҳо филмҳои «Ҳаром ва ҳалол»-и Искандар Усмонов ва филме бо номи «Бобо»-и Азиз Сатторов ҳастанд. Дар офариниши филми «Бобо» ба ҷуз Тоҷикистон ҳамчунин Русияву Ӯзбакистон низ саҳм гирифтаанд. Ба ин бахши озмун аз ҳама бештар, яъне 7 филми кутоҳи бадеии коргардонҳои қазоқ роҳ ёфтаанд. Қирғизҳо бо чаҳор филм ва туркману ӯзбакҳо бо як филмӣ барои ҷоизаҳои озмун талош хоҳанд кард.

Хонум Абикеева изҳор кард, ки ҷашнвораи имсола чанд вижагӣ дорад, ки якеаш ба озмуни минтақавӣ табдил ёфтани он аст. Вижагии дигар ин аст, ки дар ҷашнвораи имсола ба барандаи шоҳҷоиза ҷоизаи пулӣ дода намешавад. Созмондиҳандагони ҷашнвора ба ҷои ҷоизаи пулӣ филми ғолибро ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ пешбарӣ ва муаррифӣ мекунанд. Хонум Абикеева мегӯяд, ки барои пешбарии филми ғолиб дар чунин ҷашнвораҳо низ дастикам 50 ҳазор доллар масраф мегардад. Ҷоизаҳои боқимонда, яъне барои офарандаи нақши беҳтарин дар байни мардон ва занон ва ҷоизаи вижаи доварон ҳар яке 10 ҳазор долларӣ аст.

Ҳамчунин дар ҷашнвораи имсола ҳар як рӯзи он ба як кишвари Осиёи Марказӣ ихтисос дода шудааст. Аз ҷумла, рӯзи сеюми ҷашнвора , ки ба 9 сентябр-- рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон рост меояд, рӯзи Тоҷикистон эълон шудааст ва дар ин рӯз ҳама филмҳои ба ҷашнвора пешкашгардидаи коргардонҳои тоҷик намоиш дода шуда, мулоқоти ширкаткунандагон бо филмбардорон, мунаққидон ва ҳунармандони ин риштаи ҳунари тоҷик баргузор мегардад. Ба меҳмонон палаву ширавори тоҷикӣ пешкаш карда шуда , тамоми рӯз дар хонаи филмсозони Қазоқистон мусиқии тоҷикӣ садо хоҳад дод

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳо бо номи «Авруосиё» филмсозони тоҷик борҳо ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд. Аз ҷумла, филми «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова ва писараш Далер ду сол қабл дар ҷашнвора ду ҷоиза ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG