Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин зимистон барқ хоҳад буд ё на?


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар мақомоти Тоҷикистон аз захоир ва имконоти энержии кишвар дуруст истифода баранд, зимистони оянда барои мардуми кишвар мисли зимистони гузашта сангину торик нахоҳад буд.

Рагувир Шарма, мушовири энержии Бонки Чаҳонӣ мегуяд, имконоти энержии Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта, имсол бештар аст ва таъмини мардум бо энержӣ дар зимистони имсол беҳтар хоҳад шуд. Ба қавли оқои Шарма, феълан, сатҳи оби обанбори Норак 900 метрро ташкил медиҳад ва 10 метри дигар то сатҳи пуршавии он намерасад. Оқои Шарма меафзояд, ҳавои гарми рӯзҳои охири моҳи август то авохири сентябр идома мекунад ва дар моҳи октябр обанбори Норак аз об пур хоҳад шуд.

Оқои Шарма ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон бо Туркманистону Узбакистон барои интиқоли энержӣ дар зимистон таъаҳҳуд кардааст. Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, Туркманистон дар фасли зимистон ба Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард киловат соат барқ интиқол медиҳад ва Узбакистон низ гуфтааст, ба Тоҷикистон ҳудуди 600 киловатт соат барқ хоҳад фурӯхт. Оқои Шарма ҳамчунин гуфт, ки ҳаҷми тавлиди барқи Тоҷикистон дар зимистони оянда аз ҳисоби ба кор шуруъ кардани ду агрегати неругоҳи Сангтуда-1 бештар аз 300 мегават барқ афзоиш меёбад. Вай афзуд, ки феълан Бонки Ҷаҳонӣ барои таҷдиди Маркази гармидиҳии Ёвон ва неругоҳи Норак ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, ки вазъи энержӣ беҳтар шавад.

Ба эътиқоди оқои Шарма, хуб гузаштани зимистон ба босамар истифодабарии захоири обию энержӣ алоқаманд аст. Вай мегӯяд, агар оби дар обанбори Норак ҷамъшуда дуруст ва сарфакорона масраф шавад, зимистони оянда таъмини мардум бо барқ беҳтар хоҳад шуд.

Ва аммо ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», захираю имконоти Тоҷикистон чандон кофӣ нестанд ва феълан ширкати «Барқи тоҷик» дар ҳоли таҳияи як муроҷиатнома ба сокинони кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани барқ будааст. Оқои Ёдгорӣ меафзояд, ки захираи барфу яхи зимистони гузашта феълан тамом шудааст, аз ин рӯ пур шудани обанбори Норак бо об аз эҳтимол дур аст.

Ба иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик», соли гузашта обанбори Норак дар 17-уми сентябр то ҳадди ниҳоӣ бо об пур шуда буд, вале бо ин вуҷуд ҳам реҷаи маҳдуди истифодаи барқ барои сокинони кишвар ҷорӣ шудааст. Ин ширкат мегӯяд, давраи тирамоҳу зимистони оянда низ интиқоли барқ ба хонаҳои мардум ба тариқи маҳдуд сурат хоҳад гирифт ва ҷадвали интиқоли маҳдуди барқ бо сард шудани ҳаво эълом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG