Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навзодони носолим, модарони маҳзун...


Саломат, ки сӣ сол дорад ва худ низ дар соҳаи тибб фаъолият мекунад, пас аз таваллуди фарзанди чаҳорумаш сараввал дар зоишгоҳ аз ӯ рӯй мегардонад. Зеро баробари дидани тифли навзодаш аввалин ҳиссиёте, ки ӯро фаро гирифтааст, тарс будааст. «Ман ҳеҷ интизор надоштам, ки фарзанди ман бо камбудии ҷисмонӣ ба дунё меояд,» мегӯяд Саломат ва ҳамоно гиря гулӯгираш мекунад.

Шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакон ва наврасони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон аз соли 1994 бад ин сӯ фаъолият мебарад. Пизишкони шӯъба мегӯянд, кам рӯзе воқеъ мешавад, ки яке аз 20 рахти хоби барои беморон пешбинишуда холӣ бимонад. Дар ин шӯъба аксаран кӯдакони дорои роғи модарзодии лабу даҳон ҷарроҳӣ ва бистарӣ мешаванд.

Абдулло Абдураҳимов, мудири шӯъбаи мазкур мегӯяд, дар қиёс бо солҳои қаблӣ теъдоди кӯдаконе, ки бо нуқси лабу даҳон таваллуд мешаванд, афзудааст. Издивоҷи хешу таборӣ, ирсият, вазнин гузаштани давраи ҳомиладорӣ, асабонияти аз ҳадд зиёд ва камғизоӣ боиси ба дунё омадани чунин кӯдакон мегардидааст.

Гуфта мешавад, барои модарон таваллуди чунин фарзанд ғайримунтазира буда, бархе аз онҳо дар зоишгоҳ аз онҳо рӯй метобанд ва баъдан ин тифлонро ба хонаи кӯдакон интиқол медиҳанд. Абдулло Абдураҳимов гуфт, тарҳи лабу даҳони чунин кӯдаконро мешавад тариқи ҷарроҳӣ барқарор кард, барои ин танҳо вақт ва таҳаммули волидайн лозим аст. Зеро ҷарроҳӣ 5 марҳиларо дар бар гирифта, аз якуним то ду соатро ташкил мекунад.

Ба гуфтаи Абдулло Абдураҳимов, беҳтар аст, агар кӯдакони дорои роғи модарзодии лабу даҳон ҳини навзодӣ ба шӯъба оварда шаванд. Зеро, дар акси ҳол, имкон дорад, ки онҳо гирифтори амрози шамолхӯрдагӣ, илтиҳоби шуш ва вайрон шудани нафаскашӣ гарданд, ки дар натиҷа бо марги чунин атфол меанҷомад.

Мудири шӯъбаи амрози ҷарроҳии кӯдакони навзоди маркази миллии тиббии кишвар Дилшод Мағзумов мегӯяд, тайи солҳои ахир на танҳо роғи модарзодии лабу даҳон афзудааст, балки дигар бемориҳои модарзодӣ низ миёни навзодон ба маротиб боло рафтааст. Дилшод Мағзумов гуфт, чанд рӯз қабл навзоде ба шӯъбаи онҳо интиқол ёфт, ки бо омоси бузурги модарзодӣ таваллуд ёфтааст. Вазни тифл 2 кило буда, вазни омос дуюним килоро ташкил медодааст. Бо нишондоди ҳаётан муҳим ду рӯзи пеш навзод ҷарроҳӣ шуда ва омос бартараф гардид. Робия Холова, модари ин тифл мегӯяд, истеъмоли аз ҳад зиёди доруворӣ боиси бо омос ба дунё омадани фарзандаш гардидааст

Пизишкон тавсия медиҳанд, парҳез аз ғизоҳое, ки аз равғани чанд бор истифодашуда таҳия мегарданд, худдорӣ намудан аз истеъмоли дорувории барои занони ҳомила мамнӯъ, ҳифзи бадан аз сардиву гармии аз ҳад зиёд барои солим ба дунё омадани тифли навзод мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG