Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи норӯшани ҳудуди Гурҷистон


Мақомоти Русия мегӯянд, хуруҷи нирӯҳои ин кишвар аз қаламрави Гурҷистон то шоми ҷумъа, 22 август, анҷом мешавад.

Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин ҳанӯз шоми 21 август хабар дод, ки Маскав қасд дорад нирӯҳояшро то поёни рӯзи 22 август берун кашад. Имрӯз, 22 август Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия таъйид кард, ки бахши аъзами нирӯҳо то поёни рӯз аз хоки Гурҷистон хориҷ хоҳанд шуд ва зарурате барои тамдиди ин ҷадвали замонӣ мушоҳида намешавад. Раҳбари Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая низ тасдиқ кард, ки нирӯҳои Русия шаҳри Горӣ ва манотиқи атрофи ин шаҳрро алакай тарк кардаанд.

Аммо бо вуҷуди мухолифати ҷониби Гурҷистон мақомоти низомии Русия мегӯянд, дар атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ду минтақаи амниятӣ эҷод ва дар посгоҳҳои вижаи ин манотиқ нирӯҳои ҳомии сулҳро мустақар хоҳанд кард.

Ҳузури корвонҳои низомии Русия ва истиқрори посгоҳҳо дар қаламрави Гурҷистон суолҳоеро пиромуни бар тааҳҳудаш дар чаҳорчӯби шароити оташбас амал кардани Русия ва аз сӯи Маскав ба фоидаи худ тафсир шудани ин шароит ба миён овардааст. Дар ҳоле ки Ғарб ба хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русия аз қаламрави Гурҷистон ва ба тамомияти арзии он кишвар, бо шумули вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ эҳтиром қоил шудани Маскавро исрор меварзад, Русия низ бо исрор ба машрӯъияти ҳузури нирӯҳои ҳомии сулҳаш дар минтақаҳои таъйиншудаи ҳоил ё худ буферӣ дар атрофи он ду вилояти ҷудоиталаб таъкид мекунад.

Эдуард Шеварднадзе, раисҷумҳури собиқи Гурҷистон рӯзи 22 август дар Тифлис ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки ӯ шахсан ба раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири он кишвар Владимир Путин нома навишта, хостори хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русия аз Гурҷистон шудааст. Шеварднадзе ҳамчунин гуфт, мардум дарк кард, ки агар имрӯз Гурҷистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт, фаро чунин рӯз метавонад ба сари Лаҳистон ё Чехия низ биояд.

Русия зимнан пешнависи ҷадиди қатъномаи ША дар мавриди бӯҳрони Гурҷистонро таҳия ва рӯзи панҷшанбе ба ин Шӯро ироа кардааст, ки мушобеҳи қарордоди иборат аз 6 банди оташбаси Русия бо Гурҷистон аст. Маскав қаблан тарҳи аз сӯи Фаронса ироашудаи чунин қатъномаро ба далели муноқиз буданаш бо шароити ин қарордоди оташбас радд кард.

Аммо баъид ба назар мерасад, ки аксарияти аъзои ША аз тарҳи пешниҳодии Русия ҳимоят кунанд. Аъзои ША мехоҳанд, Маскав дар ин пешнавис ба асли тамомияти арзии Гурҷистон ишораи бештар кунад. Се узви доимии ША - Амрико, Бритониё ва Фаронса – бино ба хабарҳо, ба хуруҷи билофосилаи нирӯҳои Русия аз хоки Гурҷистон исрор меварзанд.

Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин шоми панҷшанбе дар мақари СММ дар Ню-Йорк гуфт:

“Баъзеҳо дар ҷараёни машваратҳои имрӯза пурсиданд, ки дар тарҳи пешниҳодии мо ишора ба тамомияти арзӣ нест. Тарҳи аз сӯи мо пешниҳодшудаи қатънома такрор ва таъйиди дубораи ҳамон шаш асл аст. Дар он шаш асл тамомияти арзӣ наомадааст. Ва агар мо ба он шаш асле, ки аз ҷониби ҳарду президент тасвиб шудаанд, такя кунем, шарт нест, ки дар қатънома ба масъалаи тамомияти арзӣ ишора шавад.”

Алехандро Волф, муовини намояндаи Амрико дар ин созмон, рӯзи ҷумъа, 22 август гуфт, дар шаш банди қарордоди оташбас зикр нашудани тамомияти арзӣ ба маъние нест, ки Иттиҳодияи Аврупо, миёнҷии аслӣ дар амри таҳия ва тасвиби қарордоди оташбас байни Русия ва Гурҷистон, ба гунае мухолифи тамомияти арзии Гурҷистон ва зарурати зикри дубораи ин асл дар қатъномаи ША бошад.

XS
SM
MD
LG