Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон мухолифи минтақаҳои амниятист


Низомиёни Русия гуфтаанд, ки то 23 август бахши бузурги нерӯҳои ин кишвар аз хоки Гурҷистон берун мешаванд, вале дар атрофи ду минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар ҳузури низомии Русия ҳифз мешавад.
Муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерал Анатолий Ноговитсин иброз дошт, ки ихроҷи сарбозон бидуни таъхир иҷро хоҳад шуд.
Раиси Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая тасдиқ кард, ки сарбозони Русия аз шаҳри Горӣ ва атрофи он берун шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Русия дар атрофи минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон камари амниятӣ ташкил намудааст ва мехоҳад дар он ҷо нерӯҳои ҳомии сулҳро мустақар кунад.
Ибтидои моҳи равон Гурҷистон бо ҳадафи барқарор намудани тобеияти Осетияи Ҷанубӣ ба ҳукумати марказӣ ба ин минтақаи ҷудоихоҳ нерӯ фиристод, вале Русия ҳам ба Осетияи Ҷанубӣ сарбоз ирсол намуда, бар илова қисме аз хоки Гурҷистонро ишғол кард.
Гурҷистон мухолифи бунёди минтақаҳои амниятӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG