Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бегонаситезон ҷавон ва афзун мешаванд


Дар Русия ҷавонони тундрав ба маротиб афзоиш ёфтаанд. Ҳамчунин, дар Русия бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ миёни ҷавонон афзудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Русия теъдоди клубҳое зиёд шудааст, ки дар он ҷо ҷавонони тундрав ҷамъ мешаванд, муколама мекунанд ва ҳатто тамрини низомӣ мебинанд, ки ин ба афзоиши тундравӣ дар миёни ҷавонон мунҷар шудааст.

Иқдомҳое, ки ба болоравии хушунат дар миёни ҷавонон сабаб шудааст, дар шаҳри Санкт-Петербург зиёд мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, дар се инфиҷори ахир дар ин шаҳр ҷавонони тундрав даст доранд. Барои мисол, яке аз ин ҷавонони дастгиршуда гуфтааст, ки дар 37 мавриди қатл даст доштааст.

Профессор Давид Аминов мушкили дигари болоравии афкори бегонаситезӣ ва хушунат дар миёни ҷавононро ба талошҳои мақомоти амниятӣ дар сарпӯшкардани ҷиноёт медонад. Ба гуфтаи вай, ин иқдом боиси афзоиши бештари бегонаситезӣ дар Русия мегардад.

Ба гуфтаи зумраи дигаре аз коршиносон, дар бархе аз маворид худи кормандони интизомӣ ва амниятӣ ва ҳатто мақомоти давлатӣ бо чунин гурӯҳҳои ҷавонон робита доранд ва онҳоро ба мақсадҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Бино ба пажӯҳиши Маркази байнулмилалии Левада, дар чанд соли ахир, наздик ба 52 дар сади кормандони пулис аз бархе аз иқдоми гурӯҳҳои бегонаситез дар Русия пуштибонӣ мекунанд. Ва ба ин далел аст, ки дар пажӯҳиши дигари Маркази Левада, беш аз 62 дар сади сокинони Русия ба пулиси ин кишвар эътимод надоранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG