Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА дар таҳкими амнияти Тоҷикистон саҳм мегирад


Рӯзи ҷумъа дар Душанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Трейсӣ Энн Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон мувофиқатномаеро дар мавриди тақвияти амният ва волоияти қонун дар Тоҷикистон ба имзо расонданд, ки тақдими ёриҳо ба маблағи беш аз 13 миллион долларро дар бар мегирад.
Хонум Ҷейкобсон пас аз имзои ин мувофиқатнома бар сари саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва таҳкими амният дар Афғонистон таъкид кард ва гуфт: «Таваҷҷӯҳи мо дар бахши амниятӣ дар Тоҷикистон тавъам ба саҳми ин ҷумҳурӣ дар мубориза алайҳи терроризм, қоҷоқи маводи мухаддир дар Афғонистон аст ва мо ин талошҳои Тоҷикистонро қадр мекунем ва дар оянда низ ин ҳамкориҳои мо идома пайдо хоҳад кард
Хонум Ҷейкобсон гуфт, ки соли гузашта барои таҳкими бахши амниятӣ дар Тоҷикистон ИМА 88 миллион доллар масраф кардааст ва ёриҳои ҳамасолаи ин кишвар ба Тоҷикистон дар бахши субот ва пешрафти иқтисоди ин ҷумҳурӣ 40 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG