Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилоф дар эътилоф


Эътилофи сиёсие, ки ҳафтаи равон президенти Покистон Парвиз Мушаррафро ба истеъфо водор намуда буд, имрӯз худ бо бӯҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ду ҳизби асосии эътилофи ҳоким, ки таҳти сарварии Алӣ Осиф Зардорӣ ва собиқ сарвазири Покистон Навоз Шариф қарор доранд, то замони табадулоти сиёсии соли 1999, ки генерал Мушаррафро сари қудрат овард, рақобати шадид доштанд, вале ахиран тавонистанд ихтилофҳоро канор гузошта, Мушаррафро ба истеъфо маҷбур кунанд.

Бо барканоршавии Мушарраф ихтилофҳои ин ҳизбҳо буруз намудаанд ва аксари нозирон хавф доранд, ки ба эътилофи ҳоким фурӯпошӣ таҳдид мекунад.

Шариф ҳушдор дода буд, ки агар эътилоф додгустарҳои аз тарафи президенти давр Мушарраф барканоргаштаро дар ҷойҳои пештараашон, яъне Додгоҳи олии кишвар барқарор накунад, ҳизби ӯ аз ҳукумат берун мешавад. Вале баъдан Шариф мувофиқат кард, то рӯзи чоршанбеи 27-уми август мунтазири иҷрои ин шарт шавад.

Соли 1999 генерал Мушарраф Шарифро аз мансаби сарвазир барканор намуда, иҷборан ба ҳиҷрат фиристода буд. Шариф додгустарҳоро муттафиқи эҳтимолӣ дар маъракаи муҳокимаи Мушарраф дониста, саъй дорад, собиқ президенти Покистонро бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ба додгоҳ кашад.

Вале раҳбари ҳизби мардумии Покистон Зардорӣ мисли Мушарраф таъкид мекунад, ки додгустарҳо аз ҳад зиёд ба сиёсат дода шудаанд. Зардорӣ мехоҳад раҳбарони ҳизбҳои хурди Маҷлиси қонунгузорро ба ҳамкорӣ моил намояд, то дар сурати берун шудани Шариф аз эътилофи ҳоким назорати парламент дар дасти ҳизби мардумии Покистон боқӣ монад.

Эътилофи ҳоким мувофиқат кардааст, ки 6-уми сентябр Шӯрои интихобии иборат аз вакилони ду маҷлиси парламент ва маҷлисҳои қонунгузори чор вилояти Покистон президенти нави ин кишварро интихоб кунанд, вале ду ҳизб дар мавриди раисҷумҳури оянда ихтилоф доранд.

Ҳамин тариқ, ихтилофҳо ин нигарониро ба бор овардаанд, ки ҳукумати сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ дар ҳалли мушкилиҳои иқтисодиву амниятӣ ноком шуда метавонад.

Дар моҳи июн раҳбари ҷангҷӯён Байтуллоҳ Маҳсуд музокироти сулҳ бо ҳукуматро мутаваққиф кард ва аз он замон ба ин тараф Покистонро мавҷи хушунат фаро гирифтааст.

Ҳукумат мегӯяд, дар бархӯрд бо ҷангҷӯён беш аз 500 силоҳбадаст ва 30 сарбоз ҳалок шудаанд. Вале мақомоти вилоятҳо меафзоянд, ки дар ин бархӯрдҳо ҳамчунон 250 000 кас ба тарки макони зисти доимиашон маҷбур гаштаанд.

Ду бомбгузории маргталабонаи рӯзи 21 август дар канори муассисаи тавлиди силоҳу муҳимоти шаҳи Воҳ, воқеъ дар 35 километрии ғарби Исломобод ҳаёти камаш 64 касро аз байн бурда, даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ намуданд. Сарвазири вилояти Панҷоб Шаҳбоз Шариф мегӯяд, ки дар ин минтақа чораҳои иловагии амниятӣ қабул шудаанд.

Вале аксари шореҳон бо ишора ба ин ҳамлаҳо мегӯянд, ки кашмакаши дохилии эътилофи ҳоким таваққуфи хушунат ва ҳалли мушкилиҳои иқтисодии Покистонро ба таъхир мегузорад.

XS
SM
MD
LG