Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ шароити беруншавии амрикоиҳоро баҳс мекунанд


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз раҳбарони Ироқ лоиҳаи созиш бо ИМА-ро баррасӣ мекунанд, ки дар он ихроҷи воҳидҳои ҷангии ИМА то охири соли 2011 мадди назар гирифта шудааст.
Рӯзномаҳои амрикоии "Washington Post" ва "The New York Times" навиштаанд, ки дар лоиҳа соли 2011 ҳамчун мӯҳлати ниҳоии беруншавии сарбозони амрикоӣ аз Ироқ сабт шудааст. Дар ин тарҳ ҳамчунон мақоми нерӯҳои ИМА дар Ироқ мушаххас гардидааст. Дар охири соли равон ваколати низомиёни ИМА дар Ироқ, ки аз тарафи СММ муқаррар шудааст, ба поён мерасад.
Нашрияҳо аз қавли мансабдорони ҳар ду кишвар овардаанд, ки мӯҳлати беруншавӣ ба вазъи амниятӣ вобаста хоҳад буд.
Гузоришҳо баъди сафари дирӯзаи Кондолиза Райс: котиби давлатии ИМА ба Ироқ ба табъ расидаанд. Гуфта мешавад, ки хонум Райс аз арзёбии мӯҳлати беруншавӣ худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG