Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия лоиҳаи қатъномаи Гурҷистонро матраҳ кард


Русия расман лоиҳаи қатъномаи рафъи бӯҳрони Гурҷистонро ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард.
Назар ба хабарҳои расида лоиҳаи Русия ба ваҷҳи умум ҳамон шаш усулеро такрор мекунад, ки дар созиши сулҳи бо миёнаравии президенти Фаронса Николас Саркозӣ ҳосилшуда зикр гардидаанд.
Як дипломати воломақом гуфтааст, ки аксари аъзои доимии Шӯрои Амният аз ҷумла ИМА, Британия ва Фаронса ба қабули лоиҳа мухолифанд, зеро дар он чизе дар бораи тамомияти арзии Гурҷистон гуфта намешавад.
Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин мегӯяд, дар лоиҳаи Русия чизе дар бораи тамомияти арзии Гурҷистон нест, зеро дар созиши иборат аз шаш бахш, ки миёни Русияву Гурҷистон ба имзо расидааст, дар ин бора ҳарфе нест:
"Баъзе мепурсанд, ки чаро дар лоиҳаи Шумо чизе дар бораи тамомияти арзии Гурҷистон гуфта намешавад? Лоиҳаи мо такрори ҳамон шаш усул аст. Медонед, дар он санад чизе дар бораи тамомияти арзӣ гуфта намешавад. Хуллас, агар мо рӯи ҳамон шаш усули мувофиқати президентҳо таваққуф намоем, дар он ҷо ишорае ба тамомияти арзӣ ба чашм намехӯрад".
Дар навбти худ Русия лоиҳаи Фаронсаро рад кард. Ба қавли Русия дар он ишорае ба шаш усул созиш мушоҳида намешавад.
То кунун Шӯрои Амнияти СММ дар бораи бӯҳрони Гурҷистон, ки ду ҳафта инҷониб идома дорад, изҳороте пахш накардааст.

XS
SM
MD
LG