Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Русия аз Гурҷистон берун мешаванд


Русия ваъда додааст, ки то охири имрӯз аксари воҳидҳои низомиашро аз дохили Гурҷистон берун мекашад. Дар айни замон ин кишвар таъкид менамояд, ки ҳузурашро дар манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон ва ҳамчунон минтақаи ба истилоҳ "буферӣ" ё худ ҳоил ҳифз хоҳад кард.
Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков бори дигар иброз доштааст, ки имрӯз воҳидҳои низомии ин кишвар ба Осетияи Ҷанубӣ бармегарданд, вале сарбозони мустақар дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар ҷояшон боқӣ хоҳанд монд.
Мансабдорони Русия мегӯянд, ки воҳидҳои низомии Русия дар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ва ҳамчунон минтақаҳои амниятии атрофи он ҳузурашонро ҳифз мекунанд.

Аммо дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ таъкид кард, ки " ҳеҷ гуна минтақаи амниятӣ" ташкил нахоҳад шуд.
Нерӯҳои Русия ибтидои моҳи равон бо ҳадафи ҷавоб ба ҳамлаи Гурҷистон болои минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ вориди хоки ин кишвар шуданд. Гурҷистон мехост ин минтақаро, ки бо кумаки Маскав аз солҳои навадуми асри гузашта ба ин тараф аз эътирофи ҳукумати марказӣ саркашӣ мекунад, зери тасарруфи худ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG