Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: таъйини интихоботи қарибулвуқӯъи раисҷумҳур


Раҳбарияти эътилофи ҳокими аҳзоби Покистон, 19-уми августи соли 2008
Раҳбарияти эътилофи ҳокими аҳзоби Покистон, 19-уми августи соли 2008

6-уми сентябри соли ҷорӣ раисҷумҳури нави Покистон интихоб карда мешавад.

Баъди онки 18-уми август Парвез Мушарраф аз мақоми раёсатҷумҳурии Покистон истеъфо дод, раҳбарии ин кишвар, бар тибқи қонунҳои Покистон, муваққатан ба уҳдаи раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммади Симрӯ гузашт.
Комиссияи интихоботии Покистон имрӯз эълом намуд, ки 6-уми сентябр дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси миллӣ ва чаҳор маҷлиси вилоятии кишвар раисҷумҳури ҷадиди Покистон аз тарафи вакилони порлумон ва ин вилоятҳо интихоб хоҳад шуд.
Осиф Зардорӣ, раиси Ҳизби Халқи Покистон
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони ҳизби собиқ сарвазири фақиди кишвар Беназир Бҳутто пешниҳод кардаанд, ки шавҳари ӯ Алӣ Осиф Зардорӣ ба ҳайси номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ шавад. Вале Зардорӣ то кунун ба ин пешниҳод посухе надодааст.
Бархе аз коршиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ бар ин назаранд, ки ҳизбҳои эътилофи ҳокими Покистон феълан ба ҷаласае омодагӣ мегиранд, ки метавонад боиси пароканда шудани ин эътилоф гардад.
Ахиран Навоз Шариф, собиқ сарвазири Покистон иброз доштааст, ки, агар эътилоф додгустарони дар замони Мушарраф барканоршударо дар ҷойҳояшон барқарор накунад, ҳизби ӯ аз ҳукумат берун хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG