Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи президентии Покистон-6-уми сентябр


6-уми сентябр дар Покистон президенти нав интихоб мешавад. Раисҷумҳури қаблии ин кишвар Парвиз Мушарраф ҳафтаи гузашта ба истеъфо рафт.
Комиссияи интихоботии Покистон мегӯяд, ки президенти навро вакилони парламенти кишвар ва маҷлисҳои қонунгузори чор вилоят дар як ҷаласаи муштарак интихоб хоҳанд кард.
Раҳбарони ҳизби собиқ сарвазири фақиди Покистон Беназир Бҳутто пешниҳод кардаанд, ки шавҳри ӯ Алӣ Осиф Зардорӣ ба ҳайси номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ шавад. Зардорӣ то кунун ба ин пешниҳод посух надодааст.
Дар ҳамин ҳол ҳизбҳои эътилофи ҳокими Покистон ба ҷаласае омодагӣ мегиранд, ки метавонад боиси пароканда шудани он гардад.
Собиқ сарвазири Покистон Навоз Шариф иброз доштааст, ки агар эътилоф додгустарони дар замони Мушарраф барканор шударо дар ҷойҳояшон барқарор накунад, ҳизби ӯ аз ҳукумат берун хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG