Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба варзишгари афғон хона тӯҳфа мекунанд


Дар Афғонистон ба аввалин барандаи медали бозиҳои олимпӣ хона тӯҳфа мекунанд. Рӯзи чоршанбе тайкводочиии афғон Руҳуллоҳ Некпай дар сабқати олимпӣ ҷои сеюмро ишғол намуд. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай мегӯяд, ки Некпай ба Афғонистон "ифтихори биринҷӣ" овард. Ёвари Карзай Ҳумоюн Ҳамидзода изҳор намуд, ки ин варзишгари 21-сола аз номи президенти Афғонистон хона тӯҳфа мегирад. Некпай яке аз чор варзишгари афғон аст, ки дар бозиҳои олимпии Пекин сабқат кардаанд. То ин замон беҳтарин натиҷаи варзишгарони Афғонистон ҷои панҷум дар сабқати гуштингирон буд, ки дар бозиҳои олимпии соли 1964 ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG