Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матолиби аслии нашрияҳои Ғарб


Мавзӯъи буҳрони Қафқоз ва пайомади ин буҳрон ҳанӯз ҳам дар маркази таваҷҷуҳи нашрияҳои ғарбӣ қарор дорад.

Нашрияи олмонии «Фокус» бо манзури онки дар ҷанги Қафқоз Маскав ва Тифлис якдигарро беинтиҳо муттаҳам мекунанд, таҳқиқоти вижаи журналистии худро гузаронда, чанд сабаби ин ҷангро, аз назари, худ ошкор кардааст. Ба қавли ин нашрия, Русия пас эъломи истиқлоли Косово аз Сербистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазъ дар Қафқоз зиёд мутаваҷҷеҳ шуда, дар моҳи май роҳи оҳани тахрибшуда бо Абхозистонро сохта ба истифода дод. Нашрия аз қавли манобеъи муътамади худ навиштааст, ки русҳо аз тариқи ин роҳи оҳан нерӯҳои худро ба минтақаи буҳронӣ аз қабл ворид карда, дар ҳафтаҳои ахир то шурӯъи ҷанг Гурҷистонро ба дасиса андохт ва пайт меҷуст то Саакашвилӣ ба ин дасисабозӣ дода шавад. Саакашвилӣ, менависад дар идома нашрия, ин дасисаро таҳаммул карда натавонист, ба Тсихинволӣ ҳамла кард ва Русия ба ҳадафи худ расид.
«Файненшл таймс»-и Бритониё менависад, ки Ғарб дар масъалаи Гурҷистон сахт иштибоҳ мекунад ва, қабл аз ҳама, ин кишварҳо бояд дақиқ кунанд, ки таҳдиди аслӣ барояшон аз куҷо маншаъ мегирад. Ба қавли рӯзнома, агар ин таҳдид аз олами ислом бошад, дахолат ба фазои геополитикии Русияро хотима бояд дод ва барномаи ҳамкорӣ бо Чинро рӯи даст гирифт. Ва агар дақиқ дарёбанд, меафзояд «Файненшл таймс», ки ин таҳдид аз Чин аст, бояд Амрико муносибаташ бо Русия ва олами исломро ба сурати мусбат ба роҳ монад ва муноқишаи Фаластину Исроилро ҳал кунад.
Рӯзномаи «Гардиан» аз қавли вазири хориҷаи Бритониё хабар додааст, ки раванди расмии пазируфтани Гурҷистон ба узвияти NАТО бо сабаби ҳамлаи Русия ба ин кишвар шурӯъ шудааст. Рӯзнома, бо истинод ба ин манбаъ афзудааст, пас аз таъсиси кумитаи таҳкими ҳамкориҳо, Гурҷистон «харитаи роҳнамо ҷиҳати узвият ба NАТО»-ро дарёфт кардааст.
Рӯзномаи «Глоуб энд мэйл»-иКонодо бо назардошти ҳаводиси ахири Қафқоз суъол гузоштааст, ки оё Русия ин эҳёи СССР-и нав нест? Ва посух додааст, агар Русия эҳёи СССР-и нав аст, пас Ғарб маҷбур аст сохтори сартосарии худро аз неоимпериализми Путин, ки пас аз ҷанги сард дар ҳудуди давлати коммунистии собиқи истиқлолёфта пайдо шудааст, ҳимоят кунад. Рӯзнома ҳамчунин навиштааст, далел он аст, ки ба ҳар иқдоми номақбули Ғарб барои Русия ин кишвар ба нуқтаҳои заъфи иқтисодиву сиёсии Ғарб фишор меорад.
Ва рӯзномаи инглисии «Индепендент» хабар додааст, ки, бар тибқи натиҷаи як назархоҳӣ, номзади ҷумҳурихоҳони ИМА ба мақоми раёсатҷумҳурии кишвар Ҷон Маккейн барои бори аввал ба рақиби демократи худ Барак Обама пирӯзӣ ба даст овардаст. Рӯзнома як сабаби пеш гузаштани Маккейнро ба он рабт медиҳад, ки ӯ бо дарёфти нуқтаҳои заъфи рақиб Обамаро хеле таблиғоти бад карда ва муваффақ ҳам шудааст. Ҳамчунин, ба навиштаи рӯзнома, дар робита ба буҳрони Қафқоз пуштибонии Маккейн аз Гурҷистон ва мавқеъгирии шадиди ӯ дар қиболи Маскав барояш дар ин сабқати қаблазинтихоботӣ бартарии бештар овардааст.
XS
SM
MD
LG