Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА қатъи ҳамкории НАТО ва Русияро ташреҳ кард


Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, ки ҳамкории низомии НАТО ва Русия то ҳаллу фасли низоъ дар Гурҷистон мутаваққиф шудааст. Гордон Ҷондро, намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфт, ки Русия ваъдаи худ барои ба мавқеъҳои то шурӯъи низоъ баргардонидани нерӯҳояшро иҷро накардааст.

Шоми дирӯз Кармен Ромеро, сухангӯи НАТО хабар дод, ки Русия дар бораи мутаваққиф кардани равобити низомии худ бо ин паймон тасмим гирифтааст. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар сӯҳбат бо хабарнигорон эълом дошт, ки Маскав барои ҳамкорӣ бо НАТО дарро барои ҳамешагӣ набастааст ва аммо сарварони паймон бояд авлавиятҳои стротегии худро муайян кунанд ва миёни пуштибонӣ аз режими Саакашвилӣ ва идомаи ҳамкории муфид бо Русия якеро интихоб кунанд.

XS
SM
MD
LG