Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Русия Гурҷистонро тарк мекунанд?


Русия имрӯз соати шаши субҳ ба вақти Маскав ба интиқоли нерӯҳояш аз Гурҷистон ба Осетияи ҷанубӣ шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков, то поёни рӯзи ҷумъа дар қаламрави Гурҷистон фақат он нерӯҳои посдори сулҳи Русия боқӣ хоҳанд монд, ки дар минтақаҳои амниятӣ мустақар шудаанд. Сердюков афзуд, “теъдоди нерӯҳои посдори сулҳ мутобиқи ниёзмандӣ ба таъмини амният муқаррар шудаст”.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, нерӯҳои Русия қаламрави Гурҷистонро тарк карданӣ нестанд. Бегаҳи панҷшанбе сарбозони рус дар канори шаҳри Горӣ хандақ кофта, дар он ҷо техникаи низомиро ҷой мекарданд. Котиби Шӯрои амнияти милли Гурҷистон Александр Ломая ҳам изҳор намуд, ки артиши Русия то ҳанӯз шаҳри бандарии Потиро, ки аз Схинвалӣ 200 километр дур ҷойгир аст, таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG