Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори боз як шаҳрванди Узбакистон дар Маскав


Дар шаҳри Маскав боз як шаҳрванди Узбакистон кушта шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, шоми панҷшанбе дар кӯчаи Народное Ополчение, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳр ду фарди ношинос ба як сокини 23-солаи Узбакистон ҳамла карданд. Шаҳрванди Узбакистон, ки ному насабаш ҳанӯз ошкор нашудааст, бар асари чанд зарби корд дар ҷойи ҳодиса аз олам даргузашт.

Шоҳидон гуфтанд, ки афроди ношинос ба узбак бидуни далелу сабаб ҳамла кардаанд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, соли равон дар Русия ҳамлаҳо дар пояи адовати қавмӣ афзоиш ёфта, то ҳол даҳҳо ҳодисаи куштори муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз сӯи миллатгароҳои рус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG