Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати муҳандисони низомии Канада дар Афғонистон


Дар ҷануби Афғонистон се муҳандиси низомӣ аз Канада кушта шуданд. Як муҳандиси дигар ҷароҳат бардошт. Ба иттилоъи низомиён, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе бар асари таркиши майни канори роҳ рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Кобул, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии эътилофи таҳти фармони ИМА дасти кам 10 сокини осоиштаи вилояти Лағмон ба ҳалокат расиданд. Ва аммо намояндаи нерӯҳои амрикоӣ гуфт, ки дар ин бора иттилоъе зери даст надорад. Қаблан Эътилофи таҳти фармони ИМА хабар дода буд, ки дар вилояти Лағмон дар як амалиёти муштарак бо артиши Афғонистон беш аз 30 тан аз толибон кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG