Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зангҳои дуздона аз телефонҳои Вазорати амнияти Амрико


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дуздони электронӣ ба шабакаи телефонии Вазорати амнияти федерол ворид шуда, аз тариқи хатҳои он ба Ховари Миёна ва Осиё ба маблағи 12 000 доллар гуфтугӯи телефонӣ анҷом додаанд. Ин манбаъ мегӯяд, дуздон бо истифода аз системи телефонии Бунгоҳи ҳолатҳои изтирории Амрико дар рӯзҳои истироҳат то 400 гуфтугӯи телефонӣ бо Афғонистон, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Яман ва кишварҳои дигар анҷом додаанд. Бунгоҳ бахше аз Вазорати амнияти дохилии Амрикост, ки дар соли 2003 аз эҳтимоли чунин дуздиҳои электронӣ ҳушдор дода буд.
XS
SM
MD
LG