Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳри Тоҷик пок мегардад


Маркази нави ҷамъу поккории обпартов, ки дар шаҳри Қайроқум ба кор шурӯъ кард, аз резиши он ба обанбор ва олудашавии рӯди Сир пешгирӣ хоҳад кард .

Раҳмат Бурҳонов – муовини раиси шаҳри Қайроққум дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки иншооти пешина аз соли 1998 то ба ҳол хароб ва корношоям буда , ҳама обпартовҳои шаҳр бо шабакаи ягонаи обу корез ба обанбор ҷорӣ мегардад. Вай афзуд , татбиқи барномаи бунёди иншоот , ба маблағи умумии чаҳор миллион сомонӣ , баробари беш аз 1 миллион доллари ИМ дар моҳи сентябр шурӯъ мегардад .

Обанбори Қайроқум , маъруф ба Баҳри Тоҷик бо гунҷоиши беш аз 3 миллиард метри мукааб об яке аз панҷ обанборҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯди Сир маҳсуб меёбад , ки оби он танҳо барои обёрӣ истифода мешавад . Ба сабаби олудагӣ ва нопокии об сокинони канори рӯди Сир ва обанбори Қайроқум аз истифодаи он ба сифати нӯшокӣ ва дигар корҳои рӯзгор парҳез меварзанд . Ҳанӯз аз замони шӯравӣ поёноби заҳролуди заминҳои кишт , бозмондаҳои корхонаҳо ва партовҳои шабакаҳои обу корези шаҳрҳо ба ин манобеъи обии бузург ҳамроҳ мешавад.

Як зани сокини шаҳри Қайроқум , ки дар канори обанбор манзил доштааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт , вай ва фарзандонаш дар солҳои ахир аз оббозӣ дар обанбор худдорӣ мекунанд , чунки обпартови манзилҳои бисёртабақаи шаҳр обро олуда ва гандида кардааст, хавфи гирифтор шудан ба бемориҳои гузаранда зиёд аст.

Вай афзуд , ки ба тасаввури ин ки партови манзилҳо ба баҳр мерезад ва ба ҷонварони баҳрӣ ғизо медиҳад, ҳатто табъаш истеъмоли моҳии онро намебардорад .

Ин дар ҳолест , ки канори обанбори Қайроқум бо чанд осоишу фароғатгоҳҳояш ва соҳилҳои рӯди Сир машҳуртарин ҷои истироҳату шиноварӣ дар Суғд маҳсуб меёбанд . Ба гуфтаи масъулини ҳукумати Суғд , танҳо дар мавсими тобистон Баҳри Тоҷик беш аз сею ним ҳазор нафар истироҳаткунандагонро дар канори худ ҷой медиҳад .

Аммо дар солҳои ахир дар соҳилҳои обанбор ва рӯди Сир шиноварону оббозон камтар ба чашм мерасанд . Бисёр сокинон аз он ки партови манзилҳои Қайроқум ба обанбор мерезад, огаҳанд ва ин онҳоро аз канори об дур кардааст .

Аммо Раҳмат Бурҳонов – муовини раиси шаҳри Қайроққум гуфт , дар ин ҷо сохтмони иншооти маркази нави ҷамъу поккории обпартови шабакаҳои обу корез то охири соли ояндаи 2009 пурра анҷом меёбад ва билохира , резиши обапартов ба обанборро пурра боз медорад .

XS
SM
MD
LG