Пайвандҳои дастрасӣ

Довари Караҷич иваз шуд


Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Югославии собиқ мегӯяд, даврҳои баъдии муҳокимаи раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ Радован Караҷич таҳти раёсати довари дигар ҷараён хоҳад гирифт. Гуфта мешавад, сабаби чунин тағйир дар он аст, ки додгоҳ дигар хостори омезиши парвандаи Караҷич бо як парвандаи дигар нест ва ин парванда акнун бо довари ҳолландӣ Алфонз Орие марбут нахоҳад буд. Худи Караҷич низ рӯзи сешанбе дархост кард, довари ҳолландӣ, ки ҳукми яке аз ёвари Караҷичро бароварда буд, бетараф буда наметавонад ва бояд иваз карда шавад.
XS
SM
MD
LG