Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдид ба ҷони сардабири «Dе-факто»


Чолпон Орозобекова

Чолпон Орозобекова

Ахиран сардабири нашрияи «Dе-факто», чопи Бишкек, Чулпон Орозобекова мувоҷеҳи таҳдиди ашхоси номаълум шудааст.

Дар ин бора Нина Зотова, вакили мудофеъи сардабири «Де-факто» иттилоъ дода, изҳори ташвиш намуд, ки ашхоси номаълум аз тариқи телефон ба Чулпон Орозобекова таҳдид кардаанд, ки вайро қатл хоҳанд кард.
Ба манзури ҷилавгирӣ аз пайомадҳои ногувори ин таҳдид, гуфт вакили мудофеъ, ӯ санадеро барои ироъа ба Кумитаи амнияти кишвар таҳия кардааст.
Н. Зотова ба дунболи ин тазаккур дод, ки парвандаи ҷиноие, ки ниҳодҳои интизомӣ алайҳи Ч. Орозобекова боз кардаанд, мавриди афв қарор хоҳад гирифт.
Ду моҳ муқаддам аз тарафи мақомоти интизомии кишвар амвол ва суратҳисоби нашрияи «Dе-факто» ба ҳабс гирифта шуд ва ҳамаи кормандони ин нашрия ногузир ба рухсатии иҷборӣ рафтанд. Гуфта мешавад, аслан, ба сабаби он ки ин нашрия дар саҳифаҳои худ яке аз кормандони Кумитаи давлатии андози Қирғизистонро дар ришватхорӣ айбдор намуда буд, мувоҷеҳи таъқиби ҳукумат шудааст. Ин дар ҳолест, ки сардабири «Dе-факто» иттиҳомоти алайҳи худро комилан рад намудааст.
Шумораи охирини ҳафтаномаи "De-факто"
Нашрияи «Dе-факто», ки инчунин матолиби муҳтавои оппозисиюнӣ доштаро зиёд ба табъ мерасонид, ҳанӯз як сол муқаддам бо сарпарастии Қувватбек Бойболов, яке аз раҳбарони мухолифини низоми кунунии кишвар, мунташир шуд, вале моҳи июни соли равон ба иттиҳоми чопи матолиби, ба қавли онҳо, бардурӯғ нашри он аз тарафи додрасонӣ мутаваққиф гардид.
Таалайбек Темиров, муовини сардабири нашрияи давлатии «Эркин Тоо» бар ин ақида устувор аст, ки қатъи чопи нашрия ба манфиъати ҳукумат нест.
Ба андешаи ӯ, ҳукумат ба ҳамаи нашрияҳои кишвараш аз як равзана нигоҳ мекунад. Ба гуфтаи Таалайбек Темиров маводди иттилоъотие, ки дафтари матбуъоти президент, ҳукумат ва вазоратхонаҳо барои васоити ахбори умум пешниҳод мекунанд, ҳам дастраси нашрияҳои ҳукуматӣ ва ҳам нашрияҳои мухолифин мешавад.
Вале ба ақидаи Илим Қарипбеков, раиси намояндагии матбуъоти Қирғизистон, ҳамаи ин иттиҳомот фақат ба манзури он аст, ки нашрияи «Dе-факто» аз нашр боздошта шавад. Ӯ афзуд, ки чунин иқдом дар миёни намояндагони васоити ахбори умум нигарониҳоро ба бор овардааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар Қонуни асосии кишвар зикр шудааст, ки ҳеҷ кас барои изҳори назар ба додгоҳ кашида намешавад.
Шомарал Майчиев, як корманди рӯзномаи «Dе-факто» бо ташвиш мегӯяд, ки, агар барои интишори чунин матлаб хабарнигорон ба додгоҳ кашида шаванд, пас мавҷудияти васоити ахбор зери суъол қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG