Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз озодии маҳбусони сиёсӣ дар Беларус


Иёлоти Муттаҳида аз озод шудани ду маҳбуси сиёсии Беларус истиқбол кард. Андрей Ким ва Сергей Парсюкевич рӯзи чаҳоршанбе бо дастури президенти худкомаи Беларус, Аляксандр Лукашенко аз ҳабс озод шуданд. Як чеҳраи аршади мухолифон, Аляксандр Казулин ҳафтаи гузашта ба ҳамин тартиб раҳо гаштааст. Дипломати баландпояи Иёлоти Муттаҳида озодии мухолифонро як ҳодисаи муҳим номид, вале афзуд, ҳанӯз маълум нест, мақомоти Беларус то куҷо вазъро тағйир доданӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG