Пайвандҳои дастрасӣ

Тозаҳои шумораҳои ахири нашрияҳои чопи Душанбе


Арзёбии авзои Гурҷистон, нишасти раҳбарони кишварҳои узви созмони Шонгҳой ва гароншавии баҳои маводди ғизоӣ дар бозорҳо дар нашрияҳои чопи Душанбе бозтоби бештар пайдо кардаааст.

Аз ҷумла, «Фараж»- нашрияи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон сӯҳбатеро бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар атрофи ҳаводиси Гурҷистон таҳти унвони «Русия ба садоқати мо эътимод надорад» мунташир кардааст. Оқои Тӯраҷонзода дар мавриди ҳамкориҳои кишварҳои Муштаракулманофеъ ва мавқеъгирии онҳо дар қиболи ҳаводиси Гурҷистон изҳори назар карда, аз ҷумла, гуфтааст, ки «аз он ки чаро Русия бо кишварҳои Муштаракулманофеъ то ин дам самимӣ нест, фикри ман он аст, ки ин кишварҳо ҳам бо Русия самимӣ нестанд. Ин кишварҳо мехоҳанд, ки Русия барояшон кӯмак кунад, қарзҳои камфоиз диҳад, ба иқтисодашон сармоягузорӣ кунад, бо нархи арзон сӯзишворӣ ва дигар маводди хом бифурӯшад, барои муҳоҷирини кориашон квотаи бештаре ҷудо намояду халос.» Ба пиндори оқои Тӯраҷонзода, шояд яке аз сабабҳое ҳам, ки Русия то ба имрӯз ба кишварҳои ИДМ сармоягузории ҷиддӣ накард, ҳамин аст, ки худи Русия ба садоқати ин кишварҳо эътимод надорад ва ҳамин ҷанг ҳам нишон дод, ки дар рӯзи душвор аз сиёсати Русия пуштибонӣ намекунанд

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар як матлабе таҳти унвони «Душанбе интизори нишасти сарони давлатҳои ШОС» аксҳоеро ҳам аз меҳмонхонаҳои нави пойтахт ва Қасри Миллат, ки дар арафаи ин саммит мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт, мунташир кардааст. Ба гуфтаи ин нашрия, маросими расмии пешвози Дмитрий Медведев – раисҷумҳури Русия бо қаровули фахрӣ ва оркестр на дар фурудгоҳи Душанбе, балки дар саҳни тоза фаршкоришудаи Қасри Миллат сурат хоҳад гирифт. Нашрия аз қавли манобеи худ навиштааст, ки сарвазири вақти Русия Владимир Путин низ ба пойтахти Тоҷикистон расман даъват шуда буд. Вале ӯ дар нишастҳо ширкат накарданро авло донистааст.

Зимни баррасии саммити сарони созмони Шонгҳой ҳафтаномаи «Тоҷикистон» менависад, дар ин нишаст пеш аз ҳама масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти кишварҳои узви он ва дурнамои ҳамкориҳо баҳс хоҳад шуд. Аммо, бо таваҷҷӯҳ ба авзои Гурҷистон баъзе аз таҳлилгарон ба миён гузоштани масъалаи моҷарои Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистонро низ дар пешниҳоди Русия аз эҳтимол дур намедонанд. Ҳамчунин, менависад ин нашрия, шояд масъалаи узвияти Эрон ба ин созмон низ баҳс шавад.

Гароншавии нарху наво дар бозорҳо ва чораҳои давлат дар амри ҷилавгирӣ аз бӯҳрони маводи ғизоӣ мавзӯи сӯҳбати ҳафтаномаи «Озодагон» бо Тоҳир Абдуҷабор, иқтисодшиноси тоҷикро ташкил кардааст, ки зери унвони «Давлат пул надорад» ба нашр расидааст. Ба пиндори оқои Абдуҷабор, дар Тоҷикистон барои пешрафт имконоти зиёд вуҷуд дорад. Аммо, гуфтааст ӯ, дар ин роҳ ду камбуд вуҷуд дорад. Яке ин ки сатҳи маърифати бисёре аз кормандони ҳукумат поин аст ва онҳо, ки ба масъалаи идораи иқтисоди кишвар машғуланд, донишу тахассуси лозимро надоранд. Аз сӯи дигар, сатҳи маърифати мардум, ба вижа, сатҳи донишу тахасуси касбӣ ва ҳуқуқии коргарону деҳқонон поин аст.

«Миллат» бо чопи як номаи боз ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон хостааст, ки ба Марат Орипов, ҳунарманди тоҷик барои иҷрои нақши Рӯдакӣ дар филми «Тақдири шоир» ва ба шоир Абдулло Қодирии Мумтоз ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дода шавад. Нашрия дар муроҷиат ба оқои Раҳмон менависад, набояд зиндабузургон ба фаромӯшӣ гузошта шаванд ва «бошад, ки бо пуштибонии шумо боз як адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин ва дили ранҷури ду марди фарҳангӣ шод гардад.»

XS
SM
MD
LG