Пайвандҳои дастрасӣ

Коргардони рус дар бораи ҷанги Тоҷикистон


Cергей Говорухин

Cергей Говорухин

Ахиран коргардони саршиноси синемои мустанади Русия Сергей Говорухин ба навор бардоштани филми ҳунарии «Ҳеҷ кас ба ҷуз мо»-ро ба охир расонид.

Ба таъйиди худи коргардон, филми мазкур дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.
Сергей Говорухин, коргардони машҳури филмҳои мустанад ва ҳунарӣ, писари Станислав Говорухин, коргардон ва ҳунарпешаи саршиноси синемои Русия, ин филми худро дар озмун-ҷашнвораи синемои Русия «окно в Европу» («Равзана ба Аврупо») ба маърази намоиши тамошогарон ва синемошиносон гузошт, бидуни шакк, таваҷуҳи тамошогарони нуктасанҷро ба худ ҷалб кард.
Оқои Говорухин дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз сохтани ин филм нишон додани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки дар он марзбонон ва дивизияи 201-уми Русия ширкат кардаанд. Коргардон мегӯяд: «Филм, умуман, дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, аммо, дар асл, дар филм масъалаи дигар матраҳ аст. Филм дар муддати се сол наворбардорӣ шуд. Коргардонӣ ва продюсериро ба дӯши худ доштам. Филм ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, зеро, ман фикр мекунам, кам нафарон дар бораи он маълумоти саҳеҳу равшан доранд».
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия то имрӯз саҳми нерӯҳои худ дар ҷанги ба истилоҳ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро инкор мекунанд. Ба гуфтаи Сафарбек Солеҳов, коргардони тоҷик, агар оқои Говорухин манзураш аз возеҳ кардани паҳлуҳои норавшани ҷанги Тоҷикистон бошад, пас дар он сурат мақомоти Русияро зарур аст, ки ширкати худ дар ин ҷангро эътироф кунад. Бо вуҷуди ин, Сафарбек Солеҳов баъид медонад, ки Сергей Говорухин дар ин филмаш тавонад ба ин мавзӯъ хуб равшанӣ андозад: «Ин мушкилест, ки мо то имрӯз ба он даст назадаем ва ҷуръат ҳам намекунем. Ин масъала сода ҳам нест. Аксари иштирокчиёни ин ҳодиса имрӯз дар қайди ҳаётанд ва онҳо барои ҳар ҳарфи нодурусти кас дар ин маврид метавонанд шаҳодати баръакс диҳанд. Ин масъала сода нест, ки коргардон онро бигирад ва филм бисозад».
Филми офаридаи С. Говорухин «Ҳеҷ кас ба ҷуз мо» дар шаҳри Маскав, дар нимҷазираи Қрим ва лаҳзаҳои ҷанги он дар кӯҳҳои Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Коргардон зикр кардааст, ки ҷиҳати ба воқеъият наздик будани филм кӯшиши зиёд ба харҷ додааст.
Дар филм ба ҷуз ҳунармандони касбӣ инчунин афсарони нерӯҳои низомии рус низ нақш бозӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG