Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдакон ба минбари сухан ниёз доранд


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, масъалаҳои марбут ба мушкилоти кӯдакон дар васоити ахбори умуми кишвар хуб инъикос намегардад. Ба қавли мусоҳиби мо, аксаран, рӯзноманигорон мушкилоти кӯдаконро дар воситаҳои ахбори умум ҳамчун хабар пахш мекунанд, дар ҳоле, ки ин мавзӯъ таҳлили амиқро талаб мекунад.

Аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигорон бояд бештар ба мавзӯъҳои дур мондани кӯдакон аз таҳсил ва ҷалби онҳо ба меҳнат таваҷҷӯҳ намоянд. Зеро, гуфта мешавад, тайи чанд соли ахир чун дар кишвар соҳибкорӣ дар ҳоли рушд аст ва шаклҳои мухталифи коргузорӣ ба миён омадааст, талабот ба қувваи кории арзон низ зиёд мешавад. Ва кордиҳандагон зимни қабули кӯдакон ба кор бо онҳо ба таври расмӣ шартнома намебанданд. Ва ин аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии онҳо масъулият эҳсос намекунанд. Барои рафъи ин мушкилот ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба кӯдакон нақши расонаҳои хабарӣ муҳим аст.

Нодира Раҳмонбердиева, ҳамоҳангсози барномаҳои Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд,барои инъикоси хуби мушкилоти кӯдакон ҳамкории расонаҳо бо созмонҳои ҷамъиятӣ ногузир аст. Аз ин ҷост, ки ин анҷуман дар ҳамкорӣ бо ББС лоиҳаи минтақавиро роҳандозӣ кардааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тибқи он ба рӯзноманигорон, роҳбарони расонаҳои хабарӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкориҳои васоити ахбори умум ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти инъикос ва ҳалли мушкилоти кӯдакону занон давраи омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Субҳия Нозилова, намояндаи созмони ҷамъиятии «Нишот» бар он аст, ки чунин давраҳои омӯзишӣ дар гумон аст, ки тавонанд дар беҳтар кардани ҳамкориҳои расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ мусоидат кунанд. Зеро, ба андешаи Субҳия, дар ҳама ҳолат ағлаби расонаҳои хабарии кишвар барои нашри матлабҳои дархостӣ, минҷумла, доир ба мавзӯъҳои кӯдакон низ маблағ талаб мекунанд.

Аммо, ба ҳар сурат, масъулини Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон умед бар он доранд, ки баргузории давраҳои омӯзишӣ метавонад сиёсати дохилии расонаҳои хабарии кишварро тағийр бидиҳад. Ва инъикоси мушкилоти кӯдакони тоҷик дар расонаҳо бештар ва беҳтар гардад.

XS
SM
MD
LG