Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ояндаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, бидуни хабари пешакӣ вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Интизор меравад, ки ӯ бо раҳбарони Ироқ, аз ҷумла сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ ва намояндагони аршади Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, масъалаи ояндаи нерӯҳои Амрико дар Ироқро баррасӣ хоҳад кард. Моҳҳост, ки Вошингтон ва Бағдод созиши дарозмуддати амниятӣ ва мақоми нерӯҳои Амрико дар Ироқро пас аз итмоми мандати Созмони Милал дар поёни сол баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG