Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

HRW: Русия бояд бомбаҳои нотаркидаро ғундорад


Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Инсон аз Русия даъват кард, ки таъҷилан бомбаҳои нотаркидаро аз манотиқи рустоии Гурҷистон ҷамъоварӣ кунад. Ин ниҳод мегӯяд, махсусан бомбаҳои хӯшаӣ, ки пас аз партоб шудан ба ҳиссаҳо ҷудо мешаванд, ба ҳаёти аҳолии осишта ҷиддан таҳдид мекунанд. Русия корбурди чунин бомбаҳоро дар Гурҷистон рад кардааст, вале Дидбони Ҳуқуқи Инсон мегӯяд, шуморе аз мардум аз таркиши чунин бомбаҳо захмӣ шудаанд ва дар ҳол поккорӣ нашудани минтақа теъдоди бештари одамон кушта ва захмӣ хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG