Пайвандҳои дастрасӣ

К. Волкер: Русия бояд Осетияи Ҷанубиро тарк кунад


Сафири ИМА дар НАТО Курт Волкер

Сафири ИМА дар НАТО Курт Волкер

Сафири ИМА дар НАТО Курт Волкер гуфт, бо вуруди нозирони САҲА ба Осетияи Ҷанубӣ неруҳои Русия бояд Гурҷистон, аз ҷумла Осетияи Ҷанубиро тарк кунанд.

Вай ҳамчунин эълом дошт, ки Амрико ба бозсозии артиши Гурҷистон, ки дар натиҷаи ҷанг бо Русия осеб дидааст, мусоидат хоҳад кард. Курт Волкер ҳамчунин гуфт:

Дар кутоҳмуддат бояд минтақаи хосе дар қаламрави Гурҷистон, берун аз марзҳои Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ муқаррар шавад, ки Русия тавонад онҷо баъзе фаъолиятҳои иловагии низомӣ анҷом диҳад. Аммо ин чораи муваққатист ва то замоне идома хоҳад кард, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар онҷо мустақар нашаванд ва он коре ки ҳоло неруҳои русӣ дар ҳар сурат анҷом медиҳанд, бар души худ нагиранд. Баъд аз ин, дар навбати худ, амалан вазъро нерӯҳои таъмини сулҳ бояд зери назорати худ бигиранд. Ҳамин тавр ин карт-бланш, яъне ихтиёри том нест”.

Ва ин дар ҳолест, ки дируз Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА, зимни суханронӣ дар баробари собиқадорони ҷанги Ветнам дар аёлати Флорида бори дигар таъкид кард, ки Абхазистон ва Осетияи Ҷануби бахшҳои қаламрави Гурҷистонанд ва Вошингтон ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш талошҳоро барои таъмини истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, Амрико аз пуштибонии демократияи Гурҷистон ва низомиёни кишвараш аз расонидани кӯмаки башардустона ба мардуми Гурҷистон даст намебардоранд.

Вошингтон аз Русия даъват кардааст, ки фарохонии артишаш аз Гурҷистон бояд зудтар сурат бигирад. Сухангӯи Кохи Сафед Гордон Ҷондро ба хабарнигорон гуфт баъзе падидаҳои оғози фарохонии артиши русӣ мушоҳида мешаванд, аммо ин хуруҷ бисёр кунд ҷараён дорад ва ин равандро бояд суръат бахшид.

Вошингтон амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон дар ҷавоб ба мушакборони Схинвалӣ - пойтахти минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро маҳкум кард ва онро истифодаи беш аз ҳади неру меномад.

Ҷорҷ Буш инчунин гуфт, ки Вошингтон аллакай ба маблағи беш аз 9 миллион долар ба Гурҷистон кӯмаки оҷил ироа кардааст ва ин кӯмак афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG