Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қубониёни суқути ҳавопаймо дақиқ шуд


Магдалена Алварес, вазири рушди Испания охирин ахбор дар бораи қурбониёни суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Мадриди Испанияро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса 19 нафар ҷон ба саломат бурданд ва аммо вазъи бештари онҳо сангин аст. Ӯ афзуд, ки дар ҳавопаймои ширкати Spanair 164 мусофир ва 9 сарнишин ҳузур доштанд. Суқути ҳавопаймо ба риштаи умри 153 нафар миқроз задааст.Ёдовар мешавем ин ҳавопаймо бояд аз Мадрид сӯи ҷазираҳои Канарӣ парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG