Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав тарҳи нави қатъномаро таҳия кард


Русия тарҳи нави қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба вазъ дар Гурҷистонро таҳия кардааст ва аммо онро ҳанӯз барои раъйдиҳӣ нагузоштааст. Дар ин бора намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин хабар дод. Ба гуфти ӯ, тарҳи нав дар пояи шаш принсипи созиши сулҳи аз сӯи президентҳои Русия ва Фаронса ҳамоҳангшуда таҳия гаштааст. Ду рӯз пеш Русия тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро, ки аз сӯи Фаронса таҳия ва дар он хуруҷи фаврии нерӯҳо аз Гурҷистон талаб шуда буд, рад кард. Виталий Чуркин далел пеш овард, ки дар ин санад аз шаш нуктаи аслии созиши сулҳи Гурҷистон сарфи назар шудааст.
XS
SM
MD
LG