Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба ваъдаи Маскав эътимод надорад


Михаил Саакашвилӣ ба ваъдаи Русия барои то рӯзи ҷумъа берун кардани нерӯҳояш аз хоки Гурҷистон эътимод надорад. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press раисиҷумҳури Гурҷистон гуфт, ки "низомиёни Русия ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз як минтақа берун шуда ба минтақаи дигари Гурҷистон ворид мешаванд".
Ба итилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, нерӯҳои Русия то ҳанӯз шаҳри Гориро зери назорат дорад ва онҳо дирӯз ба раҳбарони ҳайатҳои Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо Матиаша Эрши и Кастриот Ислом барои вуруд ба ин шаҳр иҷоза надоданд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол шаҳрҳои гурҷии Зугдидӣ, Сенакӣ, Хошурӣ, Карелӣ ва шаҳри бандарии Потӣ низ таҳти назорати низомиёни Русия қарор доранд.

Дирӯз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки нерӯҳои кишвар то рӯзи 22 август аз Гурҷистон ба қаламрави Осетияи ҷанубӣ ва Русия интиқол дода хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ки як теъдоди ин нерӯҳо дар минтақаи амниятӣ дар қаламрави Гурҷистон ва дар марзҳои Осетияи ҷанубӣ мустақар мешаванд.
XS
SM
MD
LG