Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз суқути ҳавопаймо 26 кас ҷон ба саломат бурданд


Аз суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Мадрид, пойтахти Испания, 26 нафар ҷон ба саломат бурданд ва аммо вазъи аксари ҷароҳатбардоштагон сангин аст. Магдалена Алварес, вазири рушди Испания дар ин бора хабар дод ва афзуд, ки дар ҳавопаймои ширкати Spanair 164 мусофир ва 9 сарнишин ҳузур доштанд. Ба гуфтаи вазир, садама ба риштаи умри беш аз 140 нафар миқроз задааст. Мақомот хабар доданд, ки “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймо пайдо шуданд ва ин, ба итминони онҳо, ба ошкор кардани сабабҳои фоҷиа мусоидат хоҳад намуд.
Суқути ҳавопаймои ширкати Spanair пурқурбонитарин дар Испания дар 20 соли ахир маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG