Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз Гурҷистонанд


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА зимни суханронӣ дар баробари собиқадорони ҷанги Ветнам дар аёлати Флорида бори дигар таъкид кард, ки Абхазистон ва Осетияи Ҷануби бахшҳои қаламрави Гурҷистонанд ва Вошингтон ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш талошҳоро барои таъмини истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон идома хоҳанд дод. Ӯ афзуд, Амрико аз пуштибонии демократияи Гурҷистон ва низомиёни кишвараш аз расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Гурҷистон даст намебардоранд. Ҷорҷ Буш ҳамчунин гуфт, ки ИМА аллакай ба маблағи беш аз 9 миллион доллар ба Тифлис кумаки оҷил ироа кардааст ва ин кумак афзоиш хоҳад ёфт.

Ахиран Вошингтон аз Русия бори дигар даъват кард, ки ба хуруҷи нерӯҳояш аз Гурҷистон суръат бубахшад. Сухангӯи Кохи Сафед Гордон Ҷондро ба хабарнигорон гуфт, ки баъзе падидаҳои оғози фарохонии артиши Русия мушоҳида мешавад, аммо ин раванд бисёр кунд ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG